“Бошишгоҳ”-ҳои саҳроии беморхонаҳои Душанбе

Сари хусусиятҳои миллӣ ва дастовардҳои навин бисёр суҳбат мекунем. Баъзеҳо барои худнамоӣ ва миллигаро нишон додани худ, баъзеҳо барои популизм ва баъзеи дигар бо таваҷҷуҳ ба зарурат ва ниёзмандӣ ба ин масъала мепардозанд. Яке аз масъалаҳои марбут ба мавзӯъ беморхонаҳо ва хусусиятҳои миллӣ аст. Ҳамаи мо шоҳиди як манзара шудаем. Вақте яке аз наздикон бемори ба истилоҳ шадид мешавад ва дар шӯъбаи эҳёи беморхонаҳо бистарӣ мегардад, хеле аз хешу ақрабо ба беморхона меоянд. Баъзан бемории пайвандони мо то 5-6 рӯз ва ҳатто бештар аз он тӯл мекашад. Дар ин муддат хешу ақрабои ба аёдатомада дар боғи беморхона ва ё назди сохтмони он аз хонаҳо чодару кӯрпачаву болишт оварда, то замони сари ҳол омадани бемор онҷо хобу хур мекунанд.
Агар аз нигоҳи инсонӣ ва ё ба истилоҳи маъмул гумманизм як кори шоиста ва савоб бошад, аммо аз нигоҳи дигар ба фарҳанги шаҳрнишинӣ хеле мухолифат дорад ва ҳамчунин кирдори номуносиб барои асри мо талаққӣ мешавад. Чун баъзан то 20-25 нафар дар ин “бошишгоҳ”-ҳои саҳроӣ иқомат мекунанд ва ниёзмандиҳои ҷисмониву ахлоқии худро ҳам бояд бароварда кунанд, ки ҳамеша давру бари онҳо пур аз партофтаҳои тарбузу харбуза ва пасмондаҳои хӯроку дигар аст.
Аз ҷумла чунин манзараро мо чанд муддат ҳаст, ки дар назди таваллудхонаҳои Душанбе, хусусан таваллудхонаи мавсум ба “1-ум советский” ба мушоҳида мегирем. Вале “бошишгоҳ”-ҳои саҳроии назди таваллудхонаҳо як хусусият доранд, ки сокинонаш 1 ё 2 рӯз ҳастанду тамом. Аммо дар назди шӯъбаи бемориҳои дил ва бемориҳои кӯдаконаи беморхонаи Қарияи Боло ин манзара ҳамеша вуҷуд дорад.
Чанде пештар кӯдаки яке аз пайвандони мо ҳам бемор шуду ӯро дар Қарияи Боло ҷарроҳӣ карданд. Шӯрбахтона, як рӯз пештар, ҳамон рӯз ва рӯзҳои баъд чанд кӯдаки дигарро низ ҷарроҳӣ карда буданд ва вазъи ду кӯдак бисёр вахим буд. Ҳар ду кӯдак ҳам аз ноҳияи дурдаст буданд ва хешу таборони омадаашон ҳам тақрибан ҷойи рафтан надоштанд. Онҳо бо худ гилему кӯрпачаву дигар ниёзмандиҳоро барои хоб рафтан оварда буданд ва дар ҳамон ҷо мехуспиданд. Ҳатто хӯрдану дигар лузумоти ҷисмонии худро ҳам он ҷо мекарданд. Мо онҳоро танқид кардем ва гуфтем, ки аз нигоҳи ахлоқӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ин бисёр кори нохубу нозеб аст. Яке аз духтурон гуфт, ин мушкил бисёр ҷиддист. Ба гуфти ӯ, тақрибан дар тамоми беморхонаҳои шаҳр ин манзара қобили дидан ҳаст ва аз ҳама беш дар Қарияи Боло ва беморхонаи “Медгородок”.
Бадбахтона дар ин “бошишгоҳ”-ҳои саҳроии беморхонаҳо дар маҳзари ом зарурат мешавад, ки хешу табори марду зан паҳлӯи ҳам бихобанд. Баъзан агар Худо накарда аёдаткунандаҳо кӯдаки ширхор ва ё кӯдакони ба парстории модар ниёзманд дошта бошанд, онро ҳам бо худ меоваранд ва пӯшида нест, ки кӯдакон қазои ҳоҷати худро дар атрофу акнофи “бошишгоҳи саҳроӣ” бароварда мекунанд.
Бо тамоми хубиҳои ин кор аз нигоҳи инсонӣ ва мардумӣ, дидани ин манзараҳо хеле нигаронкунада мебошад. Духтуре, ки дар ҷамъи мо мегуфт ин бисёр мушкили ҷиддист, ҳамчунин афзуд, борҳо талош кардаанд, аз ин кор пешгирӣ намоянд ва ё нагузоранд, ки чунин манзараҳо “ба маърази тамошо гузошта шавад”. Вале ҳамеша ноком мондаанд. Ӯ гуфт, ин масъларо бояд шаҳрдории Душанбе ва масъулони соҳаҳои иҷтимоии шаҳр ҳаллу фасл кунанд.
Ба гуфти он духтур ин масъала борҳо дар сатҳи сардухтур ҳам баррасӣ шудааст ва хулосаи ӯ ва ҳамкоронаш чунин будааст: “Мо тоҷикем. Дар рӯзи сахт дар паҳлӯи хешу табор ва ёру бародар будан аз хосиятҳои миллӣ ва диниамон мебошад. Агар ҳамаи муборизаҳоро кунем инро наметавонем аз байн барем. Барои ҳамин вақте беморхонаҳои нав сохта мешаванд бояд як утоқ ва ё чанд ҳуҷрае ҳам барои чунин ҳолатҳо дар назар гирифта шавад. Ҳатто зарурат ҳаст, ки чунин ҳуҷраҳо дар беморхонаҳои куҳна ҳам сохта шаванд”.
Албатта пешниҳоди духтур ҳам бисёр мантиқӣ буд. Зеро худи ман, ки чанд рӯз ба мушоҳидаи ин манзараҳо рафтам, пиру кампирро ҳам дидам, ки дар ин “бошишгоҳҳои саҳроӣ” сокин ҳастанду занҳои ҳомилаву кӯдаконро низ. Дар назди шӯъбаи бемориҳои дили Қарияи Боло ҳатто чунин “бошишгоҳ”-и саҳроиро дар болои бетон “бунёд” карда, як кӯдаку як кампир рӯи як гилемаки тунуке хоб рафта буданд. Дар бештари ҳолат манҷа (кат) ва ё ба ибораи маъмул “бесетка”-ҳои беморхонаҳо низ ба чунин “бошишгоҳ”-ҳои саҳроӣ табдил дода мешаванд. Албатта чунин “бошишгоҳ”-ҳои саҳроӣ аз рӯзи сахт ташкил мешаванд ва дар рӯзи сахт ба мушкили ҳамватан расидагӣ кардан аз дигар хусусиятҳои миллии мост...
Ба таври табиӣ ин корҳои хубу нозеб ва нолозим замоне танзим мешаванд, ки агар ахлоқ ва огоҳиҳои мадании мардуми мо боло биравад ва ин гуна корҳоро ҷанбаҳои ахлоқӣ ва ё меъёрҳои ахлоқ танзим кунанд. Аммо аз ҷониби дигар агар мехоҳем ин хусусиятҳои миллиро гум накунем, пас бояд ниёзмандиҳои иҷтимоии мардумро бояд бидонем ва бароварда кунем ва ҳамзамон битавонем шаҳрӣ бошему дар сатҳи шаҳриёни қарни худ зиндагӣ кунем. Ё не?
Мушоҳидагари “Озодагон”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |