Азиза: Мехоҳам клиникаи гулпарварӣ таъсис диҳам (ВИДЕО)

Як сокини Кӯлоб дар орзуи таъсиси клиникаи гулпарварӣ аст. Ӯ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо таъсири гул барои табобат аз дору бештар мебошад.
Азиза Зубайдова 10 соли ҳаётии 22-солаи худро дар сарфи гулпарварӣ кардааст. Дар манзили онҳо наздики 200 навъи гулро дидан мумкин аст. Бештар аз 100 намуди гул дар қуттӣ ва 60 навъи дигарро дар замин парвариш мекунад. Мегӯяд, миёни онҳо гулҳои шифобахш ва табобатӣ низ ҳастанд. “Гулпарваририро аз модарам омухтам. 10 сол мешавад, ки ба ин кор машғулам. Модарам аз модараш, яъне бибии ман омухтаст”,-гуфт Азиза дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон”.
Ба гуфтаи ин бонуи гулпарвар, тарбияти гулҳо чунон ки ба назар мерасад, соддаву омон нест ва муроқибати вижаро талаб мекунад. Азиза Зубайдова ба парвариши гулҳои табобатӣ аҳамияти махсус медиҳад, зеро барои чунин гулҳо одамони зиёде ба наздаш меоянд: “Масалан, аз садбарги хитоӣ, кактус, алое маҳлулҳои гуногун истифода бурда, барои саломатӣ истифода мебаранд”.
Азиза мегӯяд, бузургтарин орзуи вай таъсиси клиникаи гулпарварӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин имкон даст бидиҳад, метавонад на 100, балки ҳазорҳо навъи гулро парвариш кунад. Ӯ мехоҳад гулҳои мухталифро аз гӯшаҳои ҷаҳон дастрас намуда, ба шароити маҳалли зиндагиаш мутобиқ созад: “Падарам аз Маскав чанд намуд гул овард. Бисёри онҳо ба шароити мо муввофиқ омад”.
Гулҳои парваришкардаи Азиза бахши аъзами идораву муассисаҳои шаҳри Кӯлобро оро медиҳад.
Аммо гулпарварӣ шуғли ягонаи Азиза Зубайдова нест, ӯ, ки хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аст, ба ҳайси муаллима дар мактаби деҳаи Навобод кор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |