Президент Дилшод Назаровро бо ордени “Шараф-1” қадр кард (АКС+ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016-ро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени “Шараф” дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол қабл Назаров Ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.
Маросими истиқболи раисиҷумҳур аз варзишгари номовари тоҷик шоми 26 август баъди вурудаш ба Душанбе дар Қасри миллат сурат гирифт. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта, барои хизматҳои бузургаш дар муаррифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу минатдорӣ намудааст.