Бозхонди масъули сафорат, ки дар Туркманистон ба “дастдарозӣ” муттаҳам мешавад

Вазорати корҳои хориҷӣ котиби сеюми Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистонро, ки ахиран номаш дар пайи як маҷарои дипломатӣ расонаӣ шуд, бозхонд кардааст.
Вафо Ниятбеков, сухангӯи вазорат ба нашрияи “Нигоҳ” гуфтааст, Ғолиб Қаюмовро барои таҳқиқи қазия ба кишвар даъват кардаанд.
Ахиран, дар интернет наворе ба сайр даромад, ки котиби сеюми Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистонро дар қасди таҷовус ба номуси як духтари ноболиғи туркман муттаҳам мекард. Ҷои дигар аз ин духтар донишҷӯи соли чорум ном бурда мешавад. Ба иддаои таҳиягарони навор ин ҳодиса дар Чорҷӯи Туркманистон ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар ин навор, ки 20 август дар Ютуб нашр гардид, сабтҳое ҳам гузошта шуд, ки иддао мешавад, суҳбати телефонии дипломатҳои тоҷик дар Душанбе ва Ашқободанд ва моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифтаанд. Дар ду маврид яке аз тарафҳои суҳбат Маҳмудҷон Собиров, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад. Собиров моҳи июн бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба сабаби “ба нафақа баромадан" аз симмати худ озод шуд.
Ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз сухангӯи ВКХ пурсидааст, ки оё бозхонди Маҳмудҷон Собиров ба моҷарои таҷовузи туркмандухтар рабт дошт? Ҷаноби Ниятбеков посух дода: “Собиров бо сабаби ба нафақа баромаданаш, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шудааст ва ин фармон ба тасдиқи иловагие эҳтиёҷ надорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |