Дархости паноҳандагии як хонаводаи тоҷик аз мақомоти Украина
Як хонаводаи тоҷик аз мақомоти Украина хостааст, бо сабаби таъқиботи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба онҳо паноҳандагӣ бидиҳад. Дар ин бора “Интерфакс-Украина” иттилоъ дода мегӯяд, ин оила аз волидон ва се фарзанд иборат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, онҳо рӯзи гузашта 25 август дар фурудгоҳи “Бориспол” зимни гузаштан аз гузаргоҳи назоратӣ аз мақомоти Украина дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ин расона гуфтааст, ҳамаи панҷ узви хонавода дар аризаи хаттӣ далели ин дархостро таъқиботи сиёсӣ дар ватани худ навиштаанд. Ин оила ба ихтиёри Хадамоти муҳоҷирати Украина супурда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |