Муфтӣ теъдоди ҳизбҳои исломии зидди Исломро эълон кард

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаҳон 18 ҳизбу ҳаракатҳое бо номи Ислом муқобили мусалмонон меҷанганд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки имрӯз, 26 август қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ суҳбат мекард, аз ин ҳизбу ҳаракатҳо ном набурд, аммо онҳоро “сохтаи душманони Ислом” хонд. Ӯ як маврид ба Ғарб ҳам ишора кард, ки бо доғ кардани баҳсҳои мазҳабӣ мусалмононро алайҳи ҳамдигар ҷанг меандозанд.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо бо дар миён андохтани баҳсҳои шиаву салафӣ ва монанди инҳо миёни мусалмонон низоъ бармеангезанд ва ин бадбинӣ баъзан то ҳадде мерасад, ки “бо бутпарастон даст дароз карда, дустӣ мекунанд, аммо бародари мусалмони худро чашми дидан надоранд”.
Ин бори аввал нест, ки ҷаноби Абдулқодирзода, Абдулқодирзода, бесарусомонӣ ва ҷангҳои олами Исломро ба ҳизбу гуруҳбозиҳо марбут медонад. Дар гузашта ҳам ӯ борҳо таъкид карда буд, ки “аз замоне ки ҳизбтаъсисдиҳиву фирқаву гуруҳбозиҳо сар шуд, мусалмонон ноком ва душманони Ислом барои зарба задан даст пайдо карданд. Бо дасти мусалмон мусалмон мекушанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |