Эълони Ҷоизаи мусиқии Боб дар Тоҷикистон

Маркази фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) аз эълони озмуни суруди беҳтарин хабар дод.
Ин озмун бо номи “Ҷоизаи мусиқавии Боб” аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи марти соли 2017 идома хоҳад кард. Масъулини Маркази фарҳангии “Бохтар” бо баргузории як нишасти хабарӣ гуфтанд, озмун ба хотири гиромидошти Боб Левирингтон, вазири пешини Рушди байналмилалии Бритониёи Кабир, ки ба мусиқии тоҷик алоқаи хоса доштааст, доир мегардад.
Ҳадафи асосии озмун кашф ва дастгирӣ кардани истеъдодҳое дар саросари Тоҷикистон унвон шудааст, ки қобилияти эҷод кардани суруд бо усулҳои гуногунро доранд: “Ин ташаббус имкон медиҳад, ки фазои эҷодкории Тоҷикистон рушд ёбад, ба ҷавонон илҳом бахшад ва фарҳангу маданияти тоҷиконро ба ҷаҳониён намоиш диҳад”.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ин иқдом метавонад анъанаҳои мухталифи мусиқавии тоҷикро аз хатари нестшавӣ муҳофизат намояд.
Ба ҳайати гуруҳи кории “Ҷоизаи мусиқавии Боб” Ҳю Филпот, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, Патришиа Вивиерс Картер, директори Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Лучиа Елми, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шомиланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |