Тамдиди муҳлати ҳабси дояе, ки дар куштори кӯдаки чорсола муттаҳам мешавад
Додгоҳи Пресненскийи Маскав муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқулова, дояи узбакро, ки дар куштори кӯдаки чорсола айбдор мешавад, то 29 октябри соли равон тамдид кард.
Бино ба иттилои расонаҳои Русия, додгоҳ бар пояи дархости муфаттишон қарор кардааст, ки Бобоқулова дар ҳабс бимонад.
Гулчеҳра Бобоқулова охирҳои моҳи июли соли равон баъди ташхиси руҳӣ ба шӯъбаи равонии боздоштгоҳи “Бутирка” интиқол ёфта буд.
Бобоқулова рӯзи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" дар ҳоле боздошт шуд, ки сари буридаи кӯдакеро дар даст дошт. Баъдтар эълон шуд, ин кӯдак Настя ном доштаву Гулчеҳра ба ҳайси парастори ӯ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои тафтишот, ин шаҳрванди Узбакистон баъди он ки волидони кӯдак аз хона мебароянд, сари ӯро бурида, хонаро оташ мезанад.
Бобоқулова ҳангоми бозпурсиҳо, ки навори онҳо низ дар интернет нашр гардид, куштори кӯдакро қасоси Сурия аз Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст. Аммо Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |