Пешниҳоди таъсиси осорхонаи журналистони Тоҷикистон
Дар Душанбе пешниҳод шуд, барои журналистон осорхонае таъсис дода шавад. Ин пешниҳод дар маҳфиле ба хотири ёдбуди журналистони даргузаштаи тоҷик аз сӯи Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Хома” садо дод.
Ӯ бо ишора ба касби пурхатар будани журналистика ва даргузашти теъдоди зиёди журналистони тоҷик дар ду соли ахир гуфт, зарурати созмон додани осорхона ё ҳадди ақал гӯшаи журналистон пеш омадааст. Хонум Акобирова аз журналистон даъват кард, бо таъсиси як гуруҳи вижа дастбакор шаванд ва дар гирдоварии фиттаву портрет, китобу навиштаҳои журналистони маъруф саҳм гузоранд.
Маҳфили ёдбуди журналистони тоҷик имрӯз, 26 август бо ибтикори нашрияи “СССР” дар бинои Шарқи Озод сурат пазируфт. Дар маҳфил зикр шуд, танҳо дар ду соли ахир наздики 20 журналисти тоҷик даргузаштаанд. Дар ин маҳфил аз Акбари Саттор, Асадулло Саъдуллоев, Раҳими Ашроф, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Аброри Зоҳир, Темур Султон, Убайдуллоҳи Ширин, Галина Зутсева, Толиби Сангин, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Луъбат Бурҳонова ва дигарон ёд оварда шуд.
Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистон ва медиамагнати тоҷик ёд оварда гуфт, як соли бидуни Акбар нишон дод, ки ҷойи ӯро касе иваз карда наметавонад. Вай таъкид кард, бо даргузашти Акбари Саттор ваҳдати миёни журналистони тоҷик ба назар намерасад: “Захми вафоти Акбар даҳсолаҳои дигар боқӣ мемонад”.
Абдуфаттоҳ Воҳидов, журналисти тоҷик пешниҳод кард, ба хотири Акбари Саттор ҷоизаи “Журналистони навовар” таъсис шуда, ҳамасола дар рӯзи мавлуди раиси пешини Иттифоқи журналистон тақдим гардад.
Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири нашрияи “СССР” гуфт, дар ҷаласаи охири Раёсати Иттифоқи журналистон пешниҳод шудааст, ки ба Шарифи Мисайзод баъди маргаш ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дода шавад. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Мизроб дархостҳои ба такрор дар бораи пешниҳод шудани номзадии Мисайзод аз сӯи Радиои Тоҷикистон, ки марҳум онҷо фаъолият дошт, беҷавоб мондаанд: “Ҳоло пешниҳод шудааст, ки номзадии ӯро аз ҷониби газетаи “СССР” пешниҳод намоем”.
Сармуҳаррири "СССР" пешниҳод кард, 28 август – рӯзи даргузашти Акбари Саттор Рӯзи журналистони фавтида эълон карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |