Тоҷикистон барои вуруд ба Иттиҳоди иқтисодӣ шитоб намекунад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вуруди кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳеч дастуре надодааст. Дар ин бора “Независимая газета” хабар медиҳад.
Ин расона бо такя ба манобеаш дар Дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, “Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд на имсол ва на соли оянда ба Иттиҳоди иқтисодӣ шомил намешавад”.
Манбаи “Независимая газета” гуфтааст, “таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистон нишон медиҳад, ки дар сурати вуруд ба ин иттиҳод кишвари мо қисме аз ҳокимияти сиёсӣ ва иқтисодии худро аз даст медиҳад”. Аммо ӯ таъкид кардааст, ба ҳар сурат тасмими ворид шудан ё нашуданро раисиҷумҳур мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Леонид Слутский, раиси кумитаи умури Иттиҳодияи давлатҳои мустақили парлумони Русия гуфта буд, Тоҷикистон ба зудӣ майли пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро эълом мекунад. Ӯ 4 июл изҳор дошт, “Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар барои ин иқдом талош мекунад”.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё созмони байналмилалии иқтисодӣ мебошад, ки кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба он пайвастаанд. Қарордоди таъсиси он соли 2014 имзо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |