Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Италия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба заминларзаи маргбор дар Италия унвонии нахуствазири он кишвар номаи таслият ирсол кардааст.
Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Маттео Ренси аз ҷумла гуфта мешавад, “Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, бо андўҳи бузург дарёфтам”.
Президенти Тоҷикистон дар идома барои мардуми Италия ҳамдардии амиқ изҳор дошта, хостори шифои комили осебдидаҳо шудааст.
Бино ба хабарҳои расида, дар пайи заминларзаи рӯзи 24 август дар Италия 247 нафар ба ҳалокат расидааст. Шиддати заминҷунбӣ дар маркази он – Рим 6,2 бал будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |