Паради низомӣ дар маркази Суғд (АКС+ВИДЕО)
Беш аз як ҳафта мешавад, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ тамрини гардиши ҳарбӣ баргузор мешавад.
Аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин паради низомӣ аз чорроҳаи кӯчаи Раҳимӣ то бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамарӯза бо иштироки ҳудуди 900 аскару афсар сурат мегирад: “Дар ин паради ҳарбӣ ҳамаи ҳайати шахсии гарнизони Суғд иштирок меварзанд”.
Манбаъ афзуд, ҳамарӯза низомиён то 2 соат гардиши ҳарбиро тамрин мекунанд, аз ин хотир аз соати 18:00 то 20:00 роҳҳои ин мавзеъ баста мешаванд.
Хабарнигорони “Озодагон” чанд лаҳза тамрини гардиши ҳарбиро назорат кард ва аксу навор ҳам бардошт, ки пешниҳоди хонанда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |