Истирдоди Шосафаров аз Русия ба Тоҷикистон
Як шаҳрванди 39-cолаи Тоҷикистонро, ки беш аз 11 сол дар пайгарди қонунӣ будааст, аз Маскав ба Душанбе истирдод кардаанд.
Бино ба иттилои Додситонии шаҳри Маскав, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Фарҳод Шосафаровро дар куштор, авбошӣ ва бандитизм муттаҳам дониста, ҷустуҷӯ доштаанд. Ба иттилои манбаъ, Шосафаров шурӯъ аз соли 1999 узви гуруҳи мусаллаҳи ҷиноие буда, ки бародараш созмон додааст: “Моҳи феврали соли 2016 ӯ аз тарафи кормандони пулиси Маскав боздошт шудааст. Бо қарори Додситони кулли Русия Шосафаров ба ватанаш истирдод шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |