Боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар Алмаато
Мақомоти пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми фаъолияти бидуни иҷозатнома хабар медиҳанд.
Расонаҳои қазоқ бо такя ба мақомоти пулиси муҳоҷират мегӯянд, ин афрод дар пайи гузарондани як рейди ногаҳонӣ дар “Кек базар”-и ин шаҳр дастгир шудаанд. Телевизиони Алмаато дар гузорише мегӯяд, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин бозор ба фурӯши молу маҳсулот машғул будаанд. Муним Юнусов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки беш аз панҷ сол буда, дар ин бозор фаъолияти қонунӣ доштааст, ба хабарнигорони телевизион гуфтааст, тиҷорат дар Қазоқистон фоидаовар аст, аммо вақти зиёди тоҷирон дар таҳияи ҳуҷҷатҳо масраф мешавад. Ба қавли Юнусов раванди роҳандозии тиҷорат барои хориҷиён бояд дар он кишвар содда карда шавад.
Манбаъ гуфтааст, маълумот дар мавриди боздоштшудаҳо ба додгоҳ ирсол шудааст. Тибқи қонунгузории Қазоқистон шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд, ихроҷ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |