Ҳайати машваратии додгоҳи вилояти Хатлон, ки расидагии дубораи парвандаи ду халабонро бар ӯҳда дошт, эътирози додситонӣ дар мавриди афви Садовничий ва Руденкоро пазируфт.
Халабонҳо 2 солу 6 моҳу 14 рӯз аз озодӣ маҳрум шуданд, вале бо назардошти Қонуни афв 2 соли ҷазои зиндон аз ҳукмашон кам шуд. Ҳамин тариқ, бо назардошти он ки халабонҳо аллакай шаш моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта шудаанд, аз толори суд озод гардиданд.
Ёдовар мешавем, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 8-уми ноябр ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум кард.
Мӯҳр