Президент қонуни афвро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” имзо гузоштааст.
Рӯзи гузашта, 24 август вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи ғайринавбатии худ тарҳи ин қонунро якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон “бо риояи принсипи инсондӯстии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қонуни мазкурро имзо кардааст.
Матни пурраи қонуни афв дар матбуот чоп мешавад.
Қаблан гуфта шуд, ки ин қонун нисбати12 ҳазор нафар татбиқ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |