Бахшҳо

Ёрии 4,5 миллионии Убайдуллоев ба сокинони Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо судури як қарор ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, ба баъзе коргарон ва сокинони пойтахт мутаносибан аз 600 то 1000 сомонӣ мукофот додааст.

Дар қарор гуфта мешавад, “мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои ниёзманди шаҳр бо кумаки молиявӣ сарфароз гардонид”.

Бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба 4887 сокини Душанбе дар маҷмӯъ 4 миллиону 524 ҳазору 800 сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шудааст. Аз ҷумла, бар асоси ин қарор, ба 73 маъюб ва иштирокчии ҶБВ ва як нафари ҳамсари иштирокчии дар ин ҷанг шаҳидшуда ба андозаи 1000 сомонӣ тақдим гардидааст.

Ҳамчунин ба асирони муҳорибаи Ленинград ва шахсони саҳим дар ақибгоҳ барои ҶБВ, маъюбини ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон, маъюбини рафъи хатароти неругоҳи Чернобил, мутаносибан аз 600 то 800 сомонӣ кумаки пулӣ ҳадя шудааст.

Раиси шаҳр бар асоси ин қарор ба ҳар коргари ниҳодҳои истифодабарии роҳҳои Душанбе 1000 сомонӣ ва корманди раёсати ормгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои масъули тамизкории шаҳр 600 сомонӣ ёрии пулӣ расондааст.

Ҳамчунин Убайдуллоев раисони навоҳии пойтахтро муваззаф кардааст, дар ростои ҷашни Истиқлол “ба хонаҳои пиронсолон, кӯдакону тифлон, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои иҷтимоии шаҳрӣ ва оилаҳои камбизоат” кумак намоянд. Раиси шаҳр муовинини худро вазифадор намудааст, ёрипулии пиронсолонро ба манзили маскунии онҳо бубаранд.
Мӯҳр
мусафед
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе..ба падару модари шумора калон кардагиаш рахмат , бо ин икдоми гирифтаатон...Бовар мекунед хамватанони азиз ..дар хамин шабу руз ...мардум дар як сомони зор астанд.......Дигарон ибрат гиренд аз хамин шери мард

банда аз руи замин
Ахсан ба шумо барои чунин чавон марди Худованд аз ин хам зиёд гардонад шуморо ва ахлу оилаи шуморо дар панохаш нигахдорад хуб мешуд ки дигаронхам ибрат гиранд дар базе нохийяхо нафакахои мардумро думохи гузаштаст лекин намедиханд бо ёрдампули ису беста

Буччаро аз андозхои халк ташкил медиханд. Бучча бошад дар ихтиёри рохбарон. Рохбарро бевоситаву ба восита халк интихоб менамояд. Рохбар бошад дар навбати худ барои истифодабарии окилонаи бучча вазифадору ухдадор аст.
Ахсант ба Убайдуллев ки маблагхои буччаро окилона истифода мебарад.

Худо Шуморо, ака дар болои сари сагеру бевавубечора панох дихад. Дар ин мамлакат кам хам бошад, дорандагон зиёданд, аммо заррае фикр накарда аз дахони сагерахо ягона манбаи даромадашонро хатто дидаву дониста мегитранд. Хуш ба мисли Шумо донишманду заки одаме, ки сарватманд бошаду аз гуру киёматаш тарсад. Худо ёру мададгоратон бошад!

Иштирокчй
Иштирокчиёни чанги Афгонистонро Убайдуллоев фаромуш кардааст.

Ин пул хамон пулхое хаст,ки аз точирони корвон мачбуран ситонидаистодаанд барои пур кардани бючаи кишвар!!!! Нони дахони як нафаро кашида ба дигаре додан ин аз руи инсоф нест!!

модар
Ман як модари нафакахурам. шавхарам дар чанги афгонистон халок шудааст соли 1985 фарзандгнаморо бо сари танхо хонондаму хонадор кардам. зурам нарасид,ки як хонаи калонтаре бихарам ва ману фарзандну наберагонам дар як хонаи сехучраги бо азобе зиндаги дорем. Магар шахидони чанги афгонистон,ба гурухи сокинони ниёзманди шахр дохил намешаванд,ки моро ба ёд хам намеорад раиси шахр?????
кариб 40 соли умрамро сарфи пешрафти фарханги миллатам кардаам,имруз бознишастаам.вале гами бехонаги ва мушкилоти зиндаги оромам намегузорад як лахза. Магар захматхои ману шавхари шахидам,ки барои хифзи марзу буми кишвараш чонашро додааст.арзиши як манзилро надорад магар???? Ман сайти расис шахрро намедонам агар озодагон ин навиштаи маро ба сайти раиси шахр мефиристод,сарам ба осмон мерсиду дуои модаронаашон медодам..
телефони ман 2320329

модар,
Э модар хуш ба холат,ки бо вучуди хамин камбудихову мушкилихои доштаат Интернеро истифода будра метони дар ин сину сол!!!!

Хамихел навистед ки мисоли Убайдуллоев аз хисоби худаш дода бошад. О у я раисай ягон сохибкор набоша оташ миллионер набоша. Нависед ки Раесати шахр аз бучаи шахр ба сокинони ниезианд 4.5 млн помоги зери расонд

Бовар кунед ин рохбархо як тин аз кисаи худшон саиф намекунанд аз халк мажбури мегиранд ва ба дигарон метиян ман барои ин кордон шохиди хол будам. Сари хар як шахси ба хаж мерафтаги бо 800 сомони гуфтан биере барои камбизоато.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)