Сарнавишти маҳбусони раҳошуда чӣ мешавад? Шарҳи вакили Маҷлиси намояндагон (ВИДЕО)

Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумонии Тоҷикистон мегӯяд, дар тарҳи қонуни афв ба сарнавишти маҳбусони раҳошуда низ дахл шудааст.
Ӯ имрӯз, 24 август пас аз қабули лоиҳа аз сӯйи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, моддаҳои 18 ва 19-и лоиҳаи қонуни афв пешбинӣ кардааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ба ҳаёти мӯътадил баргардонидани афроди аз маҳбас озодшуда, ба онҳо кор баранд.
Ба гуфтаи Сафарзода, дар лоиҳа аз ҷумла пешбинӣ гардидааст, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи ба шуғл фаро гирифтани афвшудаҳо ҷиддӣ машғул шуда, барои дар хона-интернатҳо ҷойгир намудани ноболиғоне, ки падару модар надоранд, кор баранд: “Ҳамчунин гуфта шудааст, ки барои фаро гирифтани маъюбон ва беморон ба муассиаҳои тандурустӣ мусоидат намоянд”.
Бахтовар Сафарзода мегӯяд, ин бори 15-ум аст, ки дар Тоҷикистон қонуни афв қабул мешавад. Ӯ гуфт, ҳадафи ин қонунҳо ин аст, ки ашхоси озодшуда аз кирдорҳои кардаашон пушаймон шаванд: “Онҳое, ки гумроҳ шудаанд ё аз нофаҳмӣ ҷиноят содир кардаанд, умед ба ҷамъияти солим фаро гирифани онҳо аст. Ин ба умеде ҳаст, ки шаҳрвандоне, ки гумроҳ шудаанду ҷиноят содир кардаанд, аз кирдорҳои худ пушаймон шуда, ба ҳаёти мӯътадил бармегарданд”.
Ин вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, баъди расман мавриди амал қарор гирифтани лоиҳа, давоми се моҳ бояд татбиқ гардад ва масъулин муваззафанд ба раисиҷумҳури кишвар ҳисботи бидиҳанд.
Лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” имрӯз, 24 август дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон якдилона қабул гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |