Дархости мусалмонон аз Владимир Путин: Идҳои Рамазон ва Қурбонро истироҳат эълон кунед
Мусалмонони Русия бо роҳандозии иқдоми гирдоварии имзо хостори истироҳат эълон шудани рӯзҳои Иди Фитр (Рамазон) ва Қурбон дар сатҳи давлатӣ шудаанд.
Дар муроҷиат унвонии Владимир Путин, президенти Русия гуфта мешавад, Ислом аз рӯи теъдоди пайравонаш дувумин дин дар Русия мебошад. Тибқи омори соли 2002 теъдоди мусалмонони Русия ба 14,5 миллион мерасад, ки наздики 10 дарсади тамоми аҳолдиро ташкил медиҳад. Ҳоло бошад, он на камтар аз 20 дарсад мебошад.
“Мусалмононе, ки дар қаламрави Қрим, Тотористон, Башқордистон, Адигей, Доғистон, Ингушистон, Карачаево-Черкесии, Чеченистон ва Кабардино-Балкария зиндагӣ намекунанд, аз ҳаққи истироҳати расмӣ дар рӯзҳои иди мусалмонон маҳруманд”,-гуфта мешавад дар матни дархост.
Мубтакирони ин иқдом аз мусалмонони дигар ҳам даъват кардаанд, дар гирдоварии имзо саҳим бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |