Хавфи наздикони Ҷамшед Ёров аз такрори “сенария”-и қазияи Бузургмеҳр

Наздикони Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯянд, ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.
Наздикони Ҷамшед ба “Озодагон” гуфтанд, ҳоло вай расман боздошт шуда, нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 311 қисми 1 парванда боз шудааст: “Аммо хавфи мо аз он аст, ки сенарияи Бузургмеҳр Ёров такрор нашавад. Ӯро ҳам нахуст бо моддаи 247 гунаҳкор карданд, аммо баъдан ба парвандааш терроризму экстремизм пайдо шуд. Ҳоло метарсем, ки нисбати Ҷамшед ҳам ҳамин чиз нашавад”.
Наздикони Ҷамшед Ёров мегӯянд, ҳоло дар пайи пайдо кардани вакили дифоъ барои ӯ ҳастанд.
Боздошти Ҷамшед Ёров дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 22 август Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва писари 17-солааш – Фирӯз аз сӯи афроди номаълум бурда шуданд. “Тоҷнюс” бо такя ба манобеаш мегӯяд, Ҳамсар ва писари Ҳайит тақрибан соати 12-и шаби 23 август аз дари асосии бинои Прокуратураи генералӣ берун шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Савринисо Ҷӯраева, ки дар парвандаи ҷиноии аъзои раёсати ҲНИТ ба сифати шоҳид мегузаштааст, дар доираи тафтишоти нав бо писараш бозпурсӣ шудааст: “Ҳадафи тафтишоти нав маълум кардани омилони асосии фош шудани 90-саҳифа ҳукми Суди Олии Тоҷикистон оид ба қазия “Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ” будааст, ки муҳри “махфӣ”доштааст”. Гуфта мешавад, боздошти Ҷамшер Ёров низ ба ҳамин қазия марбут аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |