Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди Иззатулло Шариповро қабул накард

Сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хостори аз маҳбас раҳо нагардидани зане шуд, ки 28 сол ҳукм гирифтааст.
Иззатулло Шарипов имрӯз, 24 август зимни баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” дар Маҷлиси намояндагон гуфт, Сарвиноз Раҳматова, ки бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як хонаводаи тилофурӯшҳо 28 сол равонаи зиндон шудааст, аммо аз ин ҳукм ҳатто як солашро паси сар накардааст: “Як маҳбус дорем бо моддаҳои 186 қисми 2 (бандитизм), 244 қисми 4 (дуздӣ), 237 қисми 1 (авбошӣ) ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Ҳоло ҷазоро як сол ҳам не, ҳамагӣ 10 моҳ адо кардааст, дар таҷрибаи мо нисбати ҳамин одам афв татбиқ карда мешавад. Ман хоҳиш мекардам, як бор ҳамин масъаларо дида бароед. Агар аз 28 сол 25 солаш кам карда шавад, се соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ин одам бо авлоди худ дар вилояти Суғд куштори зиёд кардааст. Шумо ҳамаатон медонед, ҷинояти вазнин кардааст, ин одам Раҳматова Сарвиноз аст”.
Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон гуфт, ин пешниҳодро қабул карда наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, ин масъаларо бидуни баррасӣ наметавонанд қабул кунанд. Зуҳуров дар идома назари Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро пурсид. Оқои Раҳмон гуфт, бо Шермуҳамади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт.
Ҳукми Сарвиноз Раҳматова аз сӯи Додгоҳи вилояти Суғд 29 январи соли равон эълон шуд. Додгоҳ он замон Олим Раҳматовро барои як умр равонаи зиндон карда, Адиба Раҳматоваро 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳлиддин Раҳматов, Қиёмиддин Раҳматову Ваҳҳоб Раҳматов 28 солӣ ва Валӣ Раҳматов 7 сол ҳукм гирифтанд. Ин афрод дар қатли хонаводаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд - Бурҳоновҳо муҷрим шинохта шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |