Додситони кулл: Қонуни афв нисбати афроди дар ҷустуҷӯбуда ҳам татбиқ мешавад
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, қонуни афв нисбати афроде, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, бе даъвати онҳо татбиқ мешавад. Ин нуктаро Юсуф Раҳмон имрӯз, 24 август аснои муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт. Аммо ӯ гуфт, ин ба афроде, ки бо иттиҳоми анҷоми ҷиноятҳои махсусан вазнин дар ҷустуҷӯ ҳастанд, дахл надорад.
Ба гуфтаи ӯ, муқарароти татбиқи қонуни афв нисбати афроди дар ҷустуҷӯ қарордошта тибқи дастур ва ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба хотири пешгириии амалҳои корупсиёнӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиш, суд ва кормандони муассисаҳои адои ҷазо равона шудааст. Вай ин муқараротро яке аз хусусиятҳои хоси қонуни нави афв арзёбӣ намуда, гуфт, он дар моддаи 12 дарҷ гардидааст, ки бе даъват ва бе розигии ашхоси дар ҷустуҷӯ қарордошта, татбиқ хоҳад шуд.
Додситони кулл иброз дошт, татбиқи афви мазкур доғи судиро аз афроди аз ҷавобгарӣ озодшуда, намебардорад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, шахсони мувофиқи қонуни мазкур афвшуда аз ҷазои иловагӣ озод намешаванд.
Юсуф Раҳмон афзуд, дар тарҳи қонун, ки 12 ҳазор нафарро фаро мегирад, ба занону ноболиғон диққати махсус дода шудааст. Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, татбиқи лоиҳа аз буҷеи кишвар маблағи иловагиро талаб намекунад.
Иззатулло Шарипов, сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯяд, барои татбиқи лоиҳа омодагии хуб дидаанд ва талош мекунанд, дар ҷараёни амалӣ шудани он қонуншиканӣ нашавад.
Лоиҳаи қонун “Дар бораи афв” 17 август аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |