Фарангисро пайдо кардаанд
Фарангис Юнусова, сокини 11-солаи шаҳри Душанбе, ки аз рӯзи гузашта бедарак буд, ёфт шудааст.
Туҳфанисо Юнусова, модари Фарангис ба “Озодагон” гуфт, духтарчаашро шаби гузашта тақрибан соати якуними шаб як ронандаи мусофиркаш аз назди биноҳои маҳаллаи 102-юм меёбад: “Шабро дар хонаи он мард рӯз мекунад. Имрӯз тақрибан соатҳои яки зуҳр ду зан ӯро ба хона оварданд”.
Қаблан, хонуми Юнусова ба “Озодагон” гуфта буд, духтарчааш дирӯз аз манзилашон, воқеъ дар маҳаллаи 8-уми март аз хона баромада, барнагаштааст: “Гуфт, ки пеши дугонаам меравам”.
Хонум Юнусова афзуд, ба манзили тамоми дугонаҳои ӯ ва хешу таборашон рафтанд, аммо Фарангисро касе надидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |