Русия ҷойи кинотеатри Тоҷикистон маркази фарҳангӣ бунёд мекунад
Москомэкспертиза тарҳи маркази фарҳангӣ-хизматрасониро дар макони кинотеатри харобшудаи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Строгино, мувофиқа кардааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, лоиҳа дар формати BIM таҳия шуда, муҳлати сохтмон 10 моҳ муайян шудааст.
Кинотеатри Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Маршал Кутуков ҷойгир буд, зерсохтори “Московское кино” буда, солҳои охир ба сифати кинотеатр кор намекардааст. Ин кинотеатри иборат аз ду толор соли 1982 ифтитоҳ шуда буд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав моҳи майи соли 2014 қарори тахриби кинотеатри “Тоҷикистон”-ро содир кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |