Ду филми коргардонҳои ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи “Панҷарае рӯ ба сулҳ”
“Қатра” ва “Қалби кӯчак” ду филми коргардонҳои ҷавони тоҷик аст, ки дар ҷашнвораи “Панҷарае рӯ ба сулҳ” намоиш дода мешаванд.
Ин ҷашнвора чоршанбеи 24 август дар Донишгоҳи Кобули Афғонистон ба кори худ оғоз мебахшад.
“Қатра” филми Мурод Туйчиеви 20-сола буда, “Қалби кӯчак”-ро Аҳлиддин Маҷидови 14-сола коргардонӣ кардааст.
Ҷашнвораи “Панҷарае рӯ ба сулҳ” бо ибтикори Хонаи синамои мустанади Афғонистон соли 7-ум аст, ки баргузор мешавад. Ҳадафи ин ҷашнвора рушди филмсозии ҷавонон дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумати он кишвар барои ҳимоят аз филмсозони ҷавон гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |