Сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Белорус охири ҳафтаи гузашта, изҳор доштанд, ки дар паи минтақаи воҳиди иқтисодӣ то соли 2015- ум бояд ҳамаи заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти Иттиҳоди АвруОсиё таҳия гардад. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Димитрий Медведев, президенти Русия изҳор доштанд, ки барои дучори бӯҳрон нашудани Иттиҳоди АвруОсиё, зимни қабули аъзоёни нави иқтисодашон заиф ба ин иттифоқ шитоб нахоҳанд кард. Онҳо бохти Иттиҳоди Аврупоро, ки айни ҳол мубталои бӯҳрон шудааст, шитобзадагӣ дар қабули аъзоёни нав арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки ин камбуд зимни ташкили Иттиҳоди АвруОсиё ба назар гирифта хоҳад шуд.
Айни ҳол номзадҳои асосӣ барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ, минбаъд Минтақаи ягонаи иқтисодӣ ва сонӣ Иттифоқи АвруОсиё пеш аз ҳама Қирғизистону Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Аммо Димитрий Медведев, президенти Русия, мегӯяд боз будани ин Иттифоқ барои аъзоёни нав маънои онро надорад, ки дилхоҳ кишвар метавонад аъзои он гардад: «Ҳатто кишвари ба мо наздику шарик. Ҳар кишвар бояд, нақшаи дохилшавии худашро дошта бошад, ки метавонад аз 2 то 10 – 15 сол давом кунад».
Барои кишварҳои хостори узвият, ки айни ҳол Тоҷикистону Қирғизистон ба қатори онҳо дохил мешаванд, Нурсултон Назарбоев зарур меҳисобад, ки аввал қонунгузорӣ ва иқтисодиёташонро омода созанд: «Агар қарзҳо 30 фоизи буҷетро ташкил намоянду таваррум дар сатҳи 20 – 30 фоиз қарор гирад, аввал ин кишварҳоро зарур аст, ки то сатҳи муайян пешрафт намоянд, то бӯҳрони мавҷудаи Иттиҳоди Аврупо дар Иттифоқи АвруОсиё такрор наёбад».
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |