Парвандаи сокини Хоруғ барои бо корд захмӣ кардани ду нозири роҳ ба додгоҳ рафт
Додситони шаҳри Хоруғ парвандаи Боронбеков З.Ш., як сокини ин шаҳрро, ки дар захмӣ кардани ду нозири роҳ бо корд муттаҳам мешавад, ба додгоҳ ирсол кардаааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Баронбеков З.Ш. чоруми июни соли ҷорӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳр бо автомашинаи сиёҳшиша ба талаби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ оиди боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда, бо қисми пеши автомашина нозири роҳ, сержанти калони милиса Мамадзиёев Х.М.-ро тела дода, ҳаракаташро идома додааст: “Боронбеков тахминан пас аз 10-15 дақиқа ба ҷойи ҳодиса баргашта, нозирони роҳ Давлатмамадов Д.Ҳ. ва Лайлиев Э.С.-ро бо корд захмдор намудааст”.
Дафтари матбуоти Додситонии кулл мегӯяд, Баронбеков З.Ш боздошт шуда, нисбати ӯ бо моддаҳои 328 қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |