ВВС: Ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳайитро бо зӯр аз манзилашон бурдаанд

Ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро бо зӯр ба самти номуайян бурдаанд, хабар медиҳад торнамои бахши русии Бӣ-Бӣ-Cӣ.
Манбаъ бо такя ба наздикони Ҳайит гуфтааст, субҳи рӯзи душанбе ба манзили ӯ, ки ҳамсараш Савриниссо Ҷӯравева ва се писараш зиндагӣ мекунанд, чанд нафар ворид шудааст: “Чанд нафар бо либоси мулкӣ ба манзили Маҳмадалӣ Ҳайит ворид шуда, ҳамсару писари 17-солааш Фирӯзи Ҳайитро бо худ бурданд. Онҳо аз пешниҳоди ҳуҷҷат худдорӣ намуданд”.
Бӣ-Бӣ-Cӣ мегӯяд, ба наздикони Ҳайит дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафтаанд, дар боздошти ҳамсару писари ӯ даст надоранд ва намедонанд, ки онҳо куҷоянд.
Ин дар ҳолест, ки пас аз хабари шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайит дар СИЗО-и Вазорати адлия дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Савринисо Ҷӯраева иҷозаи дидор бо ӯро дарёфт кард. Хонум Ҷӯраева 20 август ба "Озодагон" гуфт, бо шавҳараш ним соат суҳбат дошт ва Маҳмадалӣ Ҳайит аз вазъи саломатиаш шикоят накардааст: “Гуфт, ки шиканҷа нашудааст ва муносибати маъмурини зиндон бо ӯ хуб аст. Хурокро сари вақт меоранд”.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамроҳ бо 12 аъзои раёсати олии ин ҳизб моҳи сентябри соли 2015 баъди ошӯби муовини вазири мудофиа боздошт шуданд. Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳайитро ба ҳукми абад маҳкум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |