Қазияи “Банда ГТА”: Боз ду ҷасад пайдо шудааст...

Расонаҳои Русия аз дарёфти ду ҷасади дигар дар наздикии Маскав хабар медиҳад, ки аз ҷониби аъзои бандаи мавсум ба “Бандаи ГТА” кушта шудаанд.
Ба иттилои манобеъ, дарёфти ҷасадҳо аз рӯи нишондоди як аъзои ин гуруҳ, ки дар Тоҷикистон боздошт шудааст, сурат гирифтааст. Расонаҳо навиштаанд, кушташудаҳо Баҳром Сектебитов ва Фирӯз Қароқулов буда, яке аз онҳо зодаи Осиёи Марказӣ будааст. Бар пояи маълумоти пешакӣ, онҳоро барои гирифтани мошинашон куштаву зери хок кардаанд.
Қаблан аъзоёни ин гуруҳ, ки дар Русиву Тоҷикистон боздошт шуданд, дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мешуданд. Аввали моҳи август додгоҳи вилоятии Маскав эълон кард, мурофиаи навбатии парвандаи пурсарусадои мавсум ба “Банда ГТА” охири моҳи август баргузор мешавад. Бино ба иттилои расонаҳо, вакилони дифои муттаҳамон барои шиносоӣ бо маводи парванда фурсати бештар хостаанд ва қозӣ ин пешниҳодро қабул кардааст.
Муҳлати боздошти ҳамаи 9 тан аз боздоштшудаҳои “Банда ГТА” -- Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳнов, Анвара Улуғмуродов, Фазлидин Ҳасанов, Шероздҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонову Зафарҷон Ғуломов то 28 декабр тамдид шудааст.
Додситонии кулли Русия парвандаи ин гуруҳро 24 июн ба додгоҳ фиристода буд. Қаблан, Додситонии Русия хабар дод, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Боҳир Ғуломов, “раҳбари идеологӣ”-и “Банда ГТА” ва як нафари дигар, ки аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шудаанд, ба Тоҷикистон ирсол гардид. Ғуломов аз пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад. Мақомоти тоҷик, Фаррух Азаматҷонови 38-сола, охирин муттаҳам дар узвият ба гуруҳи “Банда ГТА”-ро моҳи июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон боздошт карда буданд. Додситонии Русия ин гуруҳи ҷиноиро, ки бештар аз зодагони Осиёи Марказӣ иборат аст, дар бандитизм, куштор, роҳзанӣ, истеҳсол ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ айбдор мекунад. Дар доираи ин қазия Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли гузашта Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА”, ба як солу як моҳи зиндон маҳкум кард. Аъзои “Банда ГТА” моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |