“Маршировка-2016”: Мулло Абдураҳим ҳам тамрин мекунад (АКС)
Донишҷӯёни муассисаҳои олии Тоҷикистон аз чанд ҳафтаи пеш ба хотири ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон тамрин мекунанд. Бархе довталабоне ҳам, ки ба донишгоҳҳо шомил шудаанд, мегӯянд, онҳоро ба “маршировка” ҷалб кардаанд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон 11 июл зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, “ҷавонону донишҷӯёни мо - пайрави Пешвои Миллат худашон хоҳишманди иштирок дар ҷашни 25-солагии Истиқлолиятанд”. Вазир афзуд, иштирокдорон аз ҳисоби махсуси донишгоҳҳо маблағ мегиранд: “Як вақт бо ғизою нӯшокӣ ва инчунин бо нақлиёту хобгоҳҳои ройгон таъмин мешаванд”.
Хабарнигори “Озодагон” субҳи имрӯз, 22 август ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе рафт ва аз ҷараёни тамрини донишҷӯён чанд акс бардошт. Дар ин аксҳо Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ҳам дар ҳоли тамрин бо шогирдонаш дида мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |