Гуруҳи нахустини зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ расид (АКС+ВИДЕО)

Аввалин гуруҳи зоирон аз Тоҷикистон дирӯз, 22 август вориди Арабистони Саудӣ шуд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба “Озодагон” гуфт, нахустин гуруҳи зоирини тоҷикро дар фурудгоҳи шаҳри Мадина Абдуғаффор Юсуфов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи кумита, аъзои гуруҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ истиқбол намуданд.
Ӯ гуфт, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам, ки то масҷиди набавӣ ҳамагӣ то сад метр масофа доранд, ҷойгир шудаанд: “Дар назар аст, имрӯз, 22 август ин гуруҳи ҳоҷиён аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди “Қубо”, масҷиди “Қиблатайн”, куҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд. Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара ҳоҷиён ба Маккаи мукаррама сафарбар мешаванд”.
Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, сафари зоирини тоҷик то 5 сентябр идома хоҳад кард: “Се парвоз ба Мадина ва боқимонда ба Макка ва Ҷидда анҷом мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии “СомонЭйр” ва “Флай Наси” сурат мегиранд.
Имсол қарор аст беш аз 6000 нафар ба зиёрати Хонаи Худо бираванд. Ҳазинаи ҳаҷ барои ҳар нафар 3600 доллар муқаррар шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |