Кормандони корхонаи тилло: “Агроинвестбонк” маошамонро намедиҳад!

Бархе кормандони корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон”-и ноҳияи Панҷакент аз пардохт нагардидани музди маошашон аз ҷониби “Агроинвестбонк” изҳори нигаронӣ доранд.
Исмоил Зарифӣ, яке аз ин кормандон субҳи имрӯз, 22 август ба “Озодагон” тамос гирифта, гуфт, ду моҳ мешавад, ҳақмузди худро нагирифтааст: “Соли хониш наздик аст. Фарзандон бояд мактаб раванд, аммо пул надорем. Корхона дар суратҳисобаш дар бонк пул дорад, аммо бонк пулро намедиҳад”.
Маҳмуд Мусоев, муовини директори корхонаи “Зарафшон” дар суҳбат ба “Озодагон” пардохт нагардидани маоши кормандон аз тарафи “Агроинветсбонк”-ро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳамин рӯз аз “Агроинвестбонк” ваъда додаанд, ки маоши кормандонро ба зудӣ пардохт мекунанд”.
Дар гузашта низ кормандони ин корхона аз пардохт нашудани маоши худ шикоят карда буданд. Он замон далели нагирифтани маош маҳдуд шудани суратҳисоби корхонаи “зарафшон” дар пайи як баҳси молӣ аз сӯи Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта мешуд.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |