Ҳуқуқшинос: Муаттара Ҷӯраева шонси ба озодӣ баромаданро дорад

Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, қонуни нави афв нисбати Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ки соли гузашта бо иттиҳоми қаллобӣ равонаи зиндон гардид, татбиқ мешавад.
Файзинисо Воҳидова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, агар хонум Ҷӯраева ҳанӯз ҳам зарари моддиро барқарор накарда бошад, тибқи қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати адо нагардидаи ҷазояш кам мешавад: “Дар чунин ҳолат, яъне баъди татбиқи афв ӯ шонси озод шуданро пайдо мекунад”.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 17 марти соли 2015 Муаттара Ҷӯраеваро дар қаллобӣ муҷрим шинохт ва 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Он замон додраси парванда гуфт, бар пояи қонуни афви соли 2014 аз се як ҳиссаи ҳукми Ҷӯраева кам шуда, бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ 5,5 сол равонаи зиндон мегардад. Додраси парванда инчунин илова намуда буд, баъди адои ҷазо Муаттара Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд.
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон 13 октябри соли 2014 Муаттара Ҷӯраеваро ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт карда гуфт, аз чанд нафар маблағ гирифта, барнагардондааст. Аммо Ҷӯраева ҳангоми ироаи сухани ниҳоияш дар додгоҳ изҳор дошт, қаллобӣ накарда, маблағҳоро ҳамчун қарз гирифтаасту қарздиҳандаҳо онро ихтиёрӣ додаанд: “Агар каме сабр мекарданд, ман он қарзҳоро бармегардондам. Ҳеч гоҳ нияти қаллобӣ надоштам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |