Бахшҳо

Ҳалокати ду аъзои Толибон аз тири марзбонони тоҷик

Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз як задухурди маргбор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, марзбонон ва кормандони шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ соати 02:00-и 21 август дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”, воқеъ дар отряди марзии “Ҳамадонӣ” амалиёти вижа баргузор карданд: “Дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 8-9 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони ШКДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳонаи шадид ба вуқӯъ омад. Қочоқчиёни афғон ба муқовимати сахти сарҳадбонони тоҷик ва кормандони ШКДАМ тоб оварда натавониста, ба самти Афғонистон фирор намуданд”.

Улуғхоҷаев мегӯяд, дар натиҷаи ин задухӯрд ду қочоқчии афғон кушта, як каси дигар захмӣ шуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Манбаъ аз кушташудаҳо Суҳбатулло валади ҳоҷи Ҷаҳонгир, 22-25 сола, истиқоматкунандаи қарияи Эшонободи улусволии Янгиқалъаи вилояти Тахор ва Маҳмадмусо валади оғо Муҳаммад, 40 сола, истиқоматкунандаи Эшонобод, зодаи қарияи Тағнии улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон ном бурда мегӯяд, “муайян карда шуд, ки ҳарду аъзои гурӯҳи террористии толибон буда, ба яке аз гурӯҳи фаъолони қочоқчии афғон Турак шомил буданд. Ҷасадҳо расман ба намояндагии Сарҳадии ҶИА супорида шуд”.

Ба гуфтаи сухангӯи Қушунҳои сарҳадӣ, аз ҷои ҳодиса як адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62, 1 адад норинҷаки РГД-5 мусодира карда шуда, ду ҷасади қочоқчии афғон дарёфт шудааст.

Аз ин пештар Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадӣ хабар дод, ки рӯзи 12 август дар Отряди сарҳадии “Панҷ”, минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии ба номи генерал-майор Р.Амакиев ҳангоми гузаронидани амалиёт, гуруҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, ба амри марзбонони тоҷик итоат накарданд: "Байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ захмӣ мегардад”.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷои ҳодиса тақрибан 10 кг маводи мухаддири навъи афъюн дарёфт ва мусодира шудааст.
Мӯҳр
ali
Наркобаронои авгонро толибон номидан гиред,дар вакти хокимияти кутохи толтбон парвриш ва истехсоли маводи мухадир ба пастарин нишондод расида буд инро хатто душманои ашадии толибон яъне амрикоихо инкор намекунанд,бе асос гап назанед озодагон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)