Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври 42-юми мусобиқот рӯзи 20-уми ноябр дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бо бозии дастаҳои ССКА “Помир” ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа шурӯъ шуда буд, ки ин бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар бозии даври 42-юм дастаи меҳмон - “Равшан”-и Кӯлоб ба иллати аз мусобиқот даст кашидани ҳарифаш дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби техникӣ 3 бар 0 ғолиб дониста шуд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Равшан” бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст, ки ҳамагӣ се бозии дигар дорад. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 76 имтиёз аз 32 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. дастаи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 27 бозӣ кардааст, бо 71 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.
Манбаъ афзуд, 23-юми ноябр дар варзишгоҳи “Политеникум”-и Душанбе бозии мавқуфмонда миёни дастаҳои ССКА “Помир” - “Вахш” баргузор мешавад. Даври 43-юми мусобиқот рӯзи 25-уми ноябр миёни дастаҳои “Энергетик” - “Шодмон”, “Регар-ТадАЗ” - “Истиқол” доир хоҳад шуд. Рӯзи 26-уми ноябр бозии мавқуфмондаи дастаҳои “Гвардия” ва “Вахш” барпо мегардад.
Бозиҳои даври охирин – 44-ум рӯзи 29-уми ноябр баргузор мешавад: “Парвоз” - ССКА “Помир”, “Энергетик” - “Истиқлол”, “Вахш” - “Равшан”.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян хоҳад шуд.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |