Бахшҳо

Субҳи пирӯзии миллат, муборак!

Азизи НАҚИБЗОД

Ин субҳи Тоҷикистон ангор босафотар аз рӯзҳои дигар буд…
Гӯиё офтоб рӯшантару гуворотар шаъшаъа мепошид…
Ин субҳ муждаи пирӯзии Дилшодро ба миллат расонд.
Ин саҳар Дилшод тамоми миллатро дилшод кард!
Пирузии Дилшод пирӯзии миллат, ғалабаи умеду бовар ба ноумедист!
Бовар ва умед ба фардои рӯшан, муждаи бомдод пас аз шомҳои тирра!
Дигар Дилшод барои тоҷикон намоди мубориза ва зафар гардид!
Оре, намоди шарафу шарофатмандӣ!
Дилшод барои мо салои пирӯзӣ хонд!
Дилшоди гурд дар фазои кишвар танини ифтихор андохт!
Дилшод ба мардуми худ нишон дод, ки кушишу ғайрату ҷасорат чист! Ва натиҷаи ин ҳама муборизаро низ.
Дилшод гӯиё ба гӯши ҳар кадомамон гуфт, ки метавон пируз шуд, ғолиб буд!
Ин субҳ гӯиё Дилшод маззаву таъм ва нашъаи иззатро ба тоҷикон чашонд!
Дилшод бо салобаташ салобати миллатро ба намоиш гузошт!
Салобати Рустами Дастонро!
Салобати тоҷики сарфарозу пурғурур!
Дилшод барои мо исбот кард, ки “хостан тавонистан аст”!
…ва натиҷаи мубориза ғолибият аст!
…ва сарбаландист!
…ва иззат!
…ва нанг!
…ва шараф!
Муборакат бод, Рустами замон!
Хуҷаста бод, Исфандиёри даврон!
Фархунда бод, миллат!
…ва то бод чунин бодо!
Мӯҳр
Эрон бо 80 милён ахоли як медали биринчи онро хам як бону дар риштаи дзюдо гирифт. Точикистон бо 8 млн сохиби медали тилло шуд.. То бод чунин бодо! Медалхо каторак шаванд....

Хуршед
Офарин Дилшодчон, нангу ори точикону точикистон.

Ориёи
Офарин дилшод. Канд зан. Ту ифтихори миллат хасти. Ба кадри чунин ЧАВОНМАРД бояд расид. Миллатро дар чахон муарифи карди. Бовар кун, бо ту тамоми точику точикистони мефахрад. ТУ РУСТАМИ ЗАМОН ХАСТИ, ТУ ЛОИКИ НОМИ ХУД ХАСТИ-ДИЛШОД, КИ САРИ МО ХАМВАТАНОНРО БАЛАНД ВА ПАРЧАМИ МИЛЛАТРО АЗ КУЛЛАХОИ ОСМОНБУСАШ БАЛАНДАР ГАРДОНДИ.НОМИ НАСАБИ ТУРО ДАР САХИФАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ БО ХАРФХОИ КАЛОН- КАЛОН НАВИСТАН ЛОЗИМ АСТ. ОФАРИН!

Гурзи Рустам бенишон буду, ба дасти мо расид,
Субхи тиллоии шухрат ба сари миллат дамид
Эй зихи Дилшод, аз нанги ватандории ту,
Парчами мо парфищон гардида дар рузи саид.
Обру аз оби тиллоиист дигар пурчило,
Худшиноси гашт тиллоиву – тилло шуд зи мо.
Руи худ бо оби тилло шуст Дилшоди Назар,
Баъд аз ин хуршед мегирад зи руи у зиё.
Гурзпартои агар аз давраи бобои аст
Дар нишони худшиноси лолои аст.
Баъд аз ин, ки дастболо гашт Дилшоди Назар,
Ному нанги Точикистон дар чахон тиллои аст.
(Давлат Сафар)

Ватандуст,
Эрон 8 медал гирифт ки сетои он тилло буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)