Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон: Дилшод Назаров шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шудани Дилшод Назаров ӯро табрик кардааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 20 август дар табрикоти худ гуфтааст, Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тилло шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.
Cубҳи имрӯз ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров рафтанд. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, зимни суҳбат Зайтуна Самадовна, модари гурзандози маъруфи тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намудаааст. Манбаъ мегӯяд, Зайтуна Самадовна таъкид доштааст, “маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш Дилшод Назаров ғолиби бозиҳои олимпӣ гардидааст”.
Модари Дилшод Назаров гуфтааст, субҳи имрӯз зимни суҳбати телефонӣ Дилшод танҳо бо як ибора эҳсосоти худро баён намуд: “Мо тавонистем!”
Дилшод Назаров соати 5:05 (ба вақти Душанбе)-и 20 август дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва сазовори нишони тилло шуд.
Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро роҳхат гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |