Сабти 643 зани ҳиҷобдор дар Хуҷанд
Раёсати умури дохилии шаҳри Хуҷанд 643 зани ҳиҷобдорро ба қайд гирифтааст. Ин нуктаро Эмин Ҷалилов, сардори ин раёсат дар ҷаласаи кории шаҳрдори Хуҷанд иброз доштааст, хабар медиҳад Ca-news.
Ба гуфтаи Ҷалилов, кормандони пулис аз аввали соли равон дар бозору фурӯшгоҳҳои шаҳр 40 рейд гузаронда, 643 зани ҳиҷобпӯшро ошкор кардаанд. Аммо таъкид шудааст, ки аз ин теъдод танҳо 53 зан сокинони маркази маъмурии вилояти Суғд будаанд.
Ба таъкиди сардори Раёсати умури дохилии Хуҷанд, бо ин занҳо барои пӯшиши либоси миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |