Гуруснанишинии муҳоҷирони тоҷик дар пайи таъхир дар ихроҷашон аз Русия
Дар Примореи Русия 20 шаҳрванди хориҷӣ бо шумули тоҷикон бо эътироз аз таъхир дар депорташон гуруснанишинӣ кардаанд.
Интерфакс бо такя ба комиссияи назоратии маҳаллӣ гуфтааст, гуруснанишинӣ чор рӯз идома намуда, танҳо баъди боздиди намояндаҳои ин созмони ҷамъиятӣ қатъ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки бархе аз онҳо аз моҳи март ба ин тараф дар интизори ихроҷ ба ватанашон ҳастанд: “Се моҳи охир умуман касеро ба ватан нафиристодаанд”.
Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, дар боздоштгоҳи муваққат курпаву дору намерасад ва одамонро барои ҳавогирӣ намебароранд: “Дар ин марказ асосан шаҳрвандони Узбакистон нигоҳ дошта мешаванд, инчунин укроиниҳо, тоҷикҳо ва чиноиҳо ҳастанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |