Як гурӯҳ кормандони бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон қуллаи Уларро, ки дар қисми ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ аст, фатҳ намуданд.
Бино ба гуфти сухангӯи фурудгоҳи байналмилалӣ Муҳаммадюсуфи Шодӣ, дар ҳайати дастаи варзишгарон одамони касбу кори гуногун аз ҷумлаи кормандони муҳандисӣ-техникии фурудгоҳ , ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ҶСК «Тоҷикаэронавигатсия» ва ширкати «МЛТ» буданд. Варзишгарон Игор Умновро, ки маъюби гурӯҳи 3 аст ҳамроҳ гирифтанд. Иродаи қавии Игор имкон дод, ки баландии 2 400 метриро фатҳ намояд. Роҳбари гурӯҳи куҳнавардон Евгений Лорентс иброз дошт, ки сафари кӯҳистон ва фатҳи қуллаи Улар дар нақшаи имсола мавҷуд буда, ба рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд. Сафари навбатӣ аз ҷониби федератсияи кӯҳнавардони Тоҷикистон ташкил ва дастгирӣ шуда, ташвиқи ҳаёти солим ва пайванд бо табиат аст, иброз доштанд кӯҳнавардони соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ.
Мӯҳр