Масъули Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ: М.Ҳайит шиканҷа нашудааст
Муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯяд, Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шиканҷа нашуда, саломатиаш хуб аст.
Илҳом Маҳмудов имрӯз, 19 август дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, овозаҳо атрофи вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит асос надоранд. Ба гуфтаи ӯ, шароити маҳбасхонаҳо хуб буда, зиндониён ба ғизо ва либос дастрасӣ доранд: “Ягон мушкиле нест, ҳамин овозаи росту дурӯғро мегиранд, паҳн мекунанд. Ҳамааш тенҷ аст, ман ҳайрон мешавам ба ҳамин хел гапҳо”.
Ахиран, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбут ба Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабарҳое паҳн шуд, ки Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди шиканҷа қарор гирифта, саломатиаш вахим аст. Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, 7 моҳ мешавад бо ӯ дидор надоштаанд: “Танҳо ҳаминро медонем, ки дар маҳбаси Вазорати адлия нигоҳдорӣ мешавад”.
Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |