Духтурони Зафаробод дар рӯзи иди касбӣ: Маошамонро намедиҳанд
Гуруҳе аз табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Зафарабоди вилояти Суғд шикоят карданд, ки ҳанӯз ҳақмузди моҳҳои июн ва июлро нагирифтаанд.
Ин табибон дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфтанд, муҳосиботи беморхона ва Раёсати молияи ноҳия бо ваъдаи пардохти имрӯзу фардо, бидуни сабаб маоши онҳоро намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, бори аввал нест, ки дар пардохти маош таъхир мешавад. Шавкат Уроқов, мудири шӯъбаи эҳё, Сомон Соҳибӣ ва Умедҷон Исломиддинов, ду табиби дигари ин шӯъба 18 август, ки ҳамчун иди касбии духтурон таҷлил мешавад, мегӯянд, ба ҷойи дарёфти мукофотпулӣ интизоранд, ки ҳақмузди моҳҳҳои июну июлро бигиранд. Сомон Соҳибӣ гуфт, “барои мо маълум нест, ки чаро маошро намедиҳанд. Қариб тамоми кормандон маоши моҳҳои июн ва июли худро нагирифтаанд”.
Аммо Бектемур Шарифов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод шикояти духтуронро беасос медонад. “Маоши моҳи июнро пардохтаем ва маоши моҳи июлро бошад, пас аз 25-уми моҳи август пардохт мекунем. Мо чунин низоми маошгириву маошдиҳӣ дорем ва дар ҳоли ҳозир ҳукумат тамоми маоши моро пардохт кардааст ва аз мо қарздор нест”,-мегӯяд Шарифов.
Дар ҳамин ҳол, Ойбек Обидов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Зафаробод ба “Озодагон” гуфт, дар ҳақиқат дар пардохти моҳонаи кормандони беморхона таъхир шудааст, вале ин ба буҳрони иқтисодӣ ва ё иҷро нагардидани буҷаи ноҳия рабте надорад: “Ин таъхир аз ҳисоби гузаштан ба барномаи нави пардохти музди меҳнат аст. Мо моҳи июнро қисман пардохтаем ва 19 август маоши моҳи июнро пурра медиҳем. Рӯзи душанбе маоши моҳи июлашонро мепардозем”.
Меҳриддин Шарифов, муовини раиси ноҳияи Зафаробод ҳам дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, маоши моҳи июн пардохт шуда, моҳи июл аз ҳисоби моҳи август пардохт хоҳад шуд: “Мо буҷаи моҳи августро иҷро мекунем ва маоши моҳи июл пурра пардохт мекунем. Ин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарздорӣ дохил намешавад. Агар муҳосиботи онҳо иштибоҳе накарда бошад, бояд маоши моҳи июнро гирифта бошанд. Ҳоло мо сардухтур ва сардори Раёсати молияро даъват мекунем ва мебинем, ки чаро маош пардохт нашудааст”.
Ин духтурон, ки ба гуфти худашон аз 1000 то 1500 сомонӣ маош мегиранд, мегӯянд, дар моҳи май ҳам қариб маоши 3 моҳаашонро нагирифта буданд ва дар пайи як муроҷиат ба “Озодагон” (он замон “Озодагон” бар асоси ваъдаи мақомот аз нашри мавод худдорӣ карда буд) ва талоши рӯзноманигорон барои пайдо кардани омилҳои таъхири маош, кори онҳоро осон шуда буд. Вале ин мушкил дубора пеш омад ва маҷбур шудаанд дигарбора муроҷиат кунанд.
Сардори раёсати молияи Зафаробод таъхири пешини пардохтро ҳам ба гузаштан ба барнома ва низоми муосири пардохти маош, яъне низоми электронӣ марбут донист ва гуфт, “ҳоло барнома нав аст ва муҳосибон онро дуруст кор фармудан наметавонанд. Мо онҳоро омӯзиш дода истодаем ва умедворем, ки дар оянда чунин таъхир дар маош нашавад”.
Шавкат Уроқов, мудири шӯъбаи эҳёи беморхона мегӯяд, ки таъхири пардохти маош ба кору зиндагии онҳо халали ҷиддӣ ворид мекунад: “Мо аз бонкҳо қарз гирифтаем. Чанд бор аст, ки маоши моро бо таъхири 3-моҳаву 4-моҳа пардохт мекунанд. Мо наметавонем қарзҳои бонкии худро пардохт кунем ва боз маҷбур мешавем, ки аз дигарҳо қарз гирифта ба бонкҳо супорем. Ин ҳам дар ҳоле, ки мо мутахассиси ҷавон ҳастем ва ваъда буд, ки ба мо замини назди ҳавлигӣ медиҳанд ва заминро ҳам надоданд. Хонаи ман аз беморхона 20 км фосила дорад ва барои омадану рафтан хароҷоти зиёде мекунам. Дар шӯъбаи мо бештар беморҳои вазнин бистарӣ мешаванд ва мо баъзан маҷбур мешавем, то ними шаб бимонем ва барои ба хона рафтан бояд 60 сомонӣ масраф кунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |