Журналист Аминҷон Гулмуродзода аз зиндон раҳо шуд
Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва писари Пайванди Гулмурозода субҳи имрӯз, 18 август аз зиндон раҳо шудааст.
Хисрав Аюбӣ, вакили мудофеи Аминҷон бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, зерҳимояаш баъди анҷоми муҳлати ҳабс озод гардид: “Субҳи имрӯз рафта ӯро овардем, ҳоло дар манзилашон мебошад”.
Аминҷон гулмуродзода 18 августи соли 2015 бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Аюбӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар пайи муроҷиатҳои онҳо як соли муҳлати ҳабси Аминҷонро бахшид.
Аминҷон Гулмуродзода сармуҳаррири сайти русии “Фараж” буд. Ӯро дар он муттаҳам карданд, ки гӯё соли 1989, вақте ҳанӯз кӯдак буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, марҳум -- Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шуда, онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |