Ёрии 12 миллиондолларии Амрико ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ (АКС)
Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо арзиши 12 миллион доллар ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷҳизоти алоқа ва воситаи нақлиёт ҳадя кард.
Расми тақдими ёрии Амрико бо ҳузури Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Душанбе, Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ ва Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури амнияти миллӣ баргузор шуд.
Элизабет Миллард аснои суханронӣ дар ин маросим гуфт, ин бузургтарин ёрии низомии ИМА ба Тоҷикистон дар тамоми давраи ҳамкорӣ мебошад. Шералӣ Хайруллев изҳор дошт, ҳоло ҳеч давлат навобаста аз иқтидори худ наметавонад бо хатароти ҷаҳони имрӯз, аз ҷумла хатарҳои фаромиллӣ муқобила кунад, аз ин рӯ зарурати андешидану ёрмандиҳои муштараки давлатҳо зарур аст: “Амнияти ҳар давлат аз сатҳи ҳимоя ва ҳифзи сарҳади он вобаста аст. Ёрии башардӯстонаи Ҳукумати Амрико барои ҳифзи сарҳад ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ муассир аст”.
Ёрии навбатии низомии ИМА ба Тоҷикистон иборат аз 50 автомашинаи низомии “J8 Jeep Wranglers” бо арзиши 3 миллион доллар ва таҷҳизоти иртибототии ҳозиразамон ба арзиши 9 миллион доллар иборат буд.
Сафири Амрико дар маросими ҳадя ҳамчунин иброз дошт, ки дар доираи барномаи CENTCOM дар умури мубориза бо маводи мухаддир ИМА аз соли 2006 то имрӯз ба Тоҷикистон бештар аз 151 миллон доллар ёрӣ расонадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |