Боз як муҳоҷири тоҷик маблағи ёфтаашро баргардонд
Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Екатеринбург маблағ ва санадҳои як зани маҳаллиро пайдо карда, ба соҳибаш баргардондааст. Ӯ ҳамчунин аз гирифтани маблағ ва туҳфа даст кашидааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон Рустам ном дошта, ба торнамои “URA.Ru” гуфтааст, сумкаи занонаро аз дохили аробачаи холие дар истгоҳи мошинҳои порки “Радуга” пайдо кард: “Аввал фикр кардам, ки онро ба мағоза медиҳам, аммо дар интернет дида будам, ки нафаре мегуфт, маблағи ёфтаашро ба маъмурияти мағозае супурд, аммо намедонад, ки он ба соҳибаш баргардонда шуд ё на. Аз ин рӯ гуфтам, худам онро ба соҳибаш бармегардонам".
Ба гуфтаи Рустам, ӯ аз дохили сумка як телефон пайдо кард: “Онҷо навишта шуда буд, ки “Юля дочка”. Ба он рақам занг задам ва омада сумкаро гирифтанд”.
Ба иттилои манбаъ, дохили сумка санад ва беш аз 100 ҳазор рубл будааст: “Мехост, ки ба ман пул диҳад, аммо гуфтам, лозим нест. Шукри Худо ҳама чӣ дорам. Танҳо ҳамчун инсон хостам он чи пайдо кардам ба шумо баргардонам. Номи ман Рустам аст ва тоҷик ҳастам. Дигар чизе лозим нест”.
Ба иттилои сомонаи “URA.Ru” Рустам 15 сол буда, ки дар Урал зиндагӣ мекунад ва асосан ба корҳои сохтмон машғул аст: “Маро волидонам чунин тарбия кардаанд. Ман чизи пайдокардаро баргардондам ва худро хушбахт эҳсос мекунам, ки ба касе ёрӣ додам”.
Ин бори аввал нест, ки исми муҳоҷирони тоҷик барои баргардондани маблағҳои ҳангуфти ёфтаашон расонаӣ мешавад. Соли гузашта Равшан Файзалов ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳайси ронандаи мусофиркаш кор мекард, 850 ҳазору 200 рубли фаромушшудаи як мусофири худро ба соҳибаш баргардонд. Ҳамон сол Забеҳуллоҳ Шафеъзода, ки дар Маскав ронандаи таксӣ аст, ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пули ёфтаашро ба соҳибаш дод. Моҳи феврали имсол бошад, Шерзод Насруллоев корманди фурӯшгоҳи “Реал гипермаркет” дар Маскав сумкаеро бо 520000 рубли русӣ пайдо карда, ба соҳибаш баргардонд..
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |