“Кохи наврӯз” мизбони нахустин синамобазми “Навсоз” мешавад

27 филми кутоҳҳаҷм ба аввалин синамобазми байналмилалии “Навсоз” роҳ ёфтааст.
Муҳибназар Холназаров, раҳбари ин ҷашнвора имрӯз, 18 август ба “Озодагон” гуфт, ҳакамон аз миёни беш аз 60 филм 27-тои онро барои намоиш интихоб карданд.
Синамобазми “Навсоз” аз 16 то 21 сентябри соли равон дар “Кохи наврӯзи”-и шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҷаноби Холназаров мегӯяд, ҷашнвора ба 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои ҷавон барои рушди соҳаи кино мебошад: “Аз ин рӯ бештари филмҳое, ки дар синамобазм ба намоиш мебароянд, маҳсули заҳмати ҳунармандони ҷавон мебошад”.
Дар “Навсоз” филмҳои сохтаи ҳунармандон аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намош дода мешавад. Мутбакирони ҷашнвора мегӯянд, дар поёни он аз рӯи чанд номинатсия, назири "Беҳтарин сенария", "Беҳтарин ҳунарманд", "Беҳтарин коргардон" ва "Аз нигоҳи тамошобин" ғолибон эълон мешаванд: "Шоҳҷоизаи синамобазм бошад, ба филме дода мешавад, ки дар бораи озодихоҳӣ, истиқлол, мубориза барои мустақилият нақл мекунад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |