Низорамоҳ Гадоева: Вақте руҳияи занони деҳқонро мешикананд, додамонро ба кӣ гӯем?

Як зани 54-сола аз шаҳри Кӯлоб мегӯяд, мақомот мехоҳанд боғи ӯро тахриб намуда, заминашро ба нобиноён тақсим кунанд.
Низорамоҳ Гадоева дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 5 сол қабл дар масоҳати як гектар замине, ки соли 2010 дар пайи сели шадид хароб шуда буд, боғ бунёд кард, аммо ҳоло натиҷаи заҳмати чандсолаашро барбод доданиянд. Ӯ мегӯяд, ин замин соли 2011 бо қарори раиси вақти шаҳри Кӯлоб дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии “Низора” гузошта шуд: “Дастури Ҷаноби Олӣ буд, ки чунин заминҳоро аз нав барқарор карда, боғ бунёд намоед. Ман ҳам аз дигар ноҳияҳо дарахтони мевадиҳанда оварда, шинондам. Ҳоло дар боғи ман 380 дарахти себ, анор, олуча, зардолу ва ғайра ҳаст”.
Хонум Гадоева афзуд, ду сол қабл дар Рӯзи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Данғара дар назди Президент баромад кард ва дар бораи бунёди боғ баъди даъватҳои ӯ гуфт: “Аммо кормандони ҷамоати деҳоти Кӯлоб меҳнати маро нодида гирифта, мехоҳанд боғро вайрон кунанд”.
Ин зани 54-сола меафзояд, муроҷиатҳои пайдарпай ба идораҳои замин ва ҳифзи муҳити зисти шаҳрӣ ва вилоятӣ бенатиҷа будаанд: “Вақте руҳияи мо занони деҳқонро мешикананд, меҳнати моро қадр намекунанд, ободии моро вайрон мекунанд, дигар додамонро ба кӣ гӯем?”
Хуршед Ашурмадов, раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба “Озодагон” гуфт, мувофиқи нақшаи фонди манзил онҳо маҷбуранд, заминҳои хоҷагии “Дарё” ва як қисмати боғи Низорамоҳ Гадоеваро барои нобиноён тақсим кунанд: “Дар ин бора қарори раиси шаҳри Кӯлоб содир шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |