Тамдиди муҳлати маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори нави худ муҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар “Тоҷиксодиротбонк”-ро барои се моҳи дигар тамдид кардааст.
Ин ниҳод ҳадафи тамдиди муҳлатро “солимгардонии фаъолияти мукаммали “Тоҷиксодиротбонк” тавассути барқарорсозии сармояи ин бонк ва фаъолтар намудани корҳо дар самти баргардонидани қарзҳои мушкилситон ва саривақт иҷро кардани уҳдадориҳои бонк дар назди амонатгузорон ва кредиторон” унвон кардааст.
Манбаъ мегуяд, тамдиди маъмурияти муваққатӣ ба барқарорсозии пурраи фаъолияти бонк мусоидат хоҳад кард. Бонки миллӣ 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ бо раҳбарии Мирҳаёт Ёқубовро таъин карда буд.
Тамдиди муҳлати маъмуриятӣ муваққатӣ дар ҳолест, ки як корманди “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, раҳбари нави бонк ӯро буғӣ кард. Абдулмӯъмин О., сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” дар як суҳбати видеоӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро рӯзи 8 август Мирҳаёт Ёқубов дар ҳузури чандин нафар буғӣ кард. Вай гуфт, раҳбари муваққатии бонк ӯро дар насби дастгоҳҳои сабти пинҳонӣ муттаҳам кард, дар ҳоле ки чунин корҳо ба вазифаи хизматиаш шомил намешавад. Баъди нашри ин хабар дар торнамои “Тоҷиксоддиротбонк” изҳороте нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, аз ҷониби кормандони Мудирияти муваққатӣ нисбат ба Абдулмӯъмин О. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |