Эмомалӣ Раҳмон Темур Зулфиқоровро бо мавлудаш табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Темур Зулфиқоров, нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷикро бо 80-солагии мавлудаш табрик кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, ин табрикот тавассути телефон сурат гирифта, дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик ба Зулфиқоров арзи сипосу миннатдорӣ кардааст.
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад. Эҷодиёти Темур Зулфиқоров маротибаҳои зиёд дар театрҳои бузурги ҷаҳон ба саҳна гузошта шуда бо 12 забони дунё тарҷума шудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеию ҳуҷҷатӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаҳои фестивалҳои миллӣ ва байналмилалии синамо гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |