Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Баъди фармони Президент додрасҳо дигар ришва намегиранд?

Дар ин авохир ду додраси ноҳияҳои Тоҷикистон бо иттиҳоми ришваситониву ришвадеҳӣ дар ҳаҷми бузург боздошт шуданд. Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо фармонҳои худ ин ду додрасро барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб барканор кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: БАЪДИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ДОДРАСҲО ДИГАР РИШВА НАМЕГИРАНД?

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Ришваситониву ришвадиҳӣ дар Тоҷикистон ончунон реша дорад, ки бо ҳабсу аз кор баканор кардани ду се додрасу додситон аз байн намеравад. Дар ҳоле ки тайи солҳои охир чандин ин гуна ҳодисаҳо буданду омилонаш беҷазо монданд. Агар ҷазои сазовор гиранд, мумкин ба дигарон панд шавад. Аммо ба ҳар ҳол вокуниши Президент баёнгари он нукта аст, ки сардори давлат инро таҳаммул надорад.

Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос
Аслан дар низомҳои ҳуқуқию маъмурии мо чунин таҷриба рўи кор омадааст, ки бо ҷинояткор мубориза мебаранд. Аммо дар кишварҳои мутамадини низоми ҳуқуқиаш одил бо ҷиноят мубориза мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки шахсро баъди ҷиноят содир намуданаш дастгир мекунанд ва ба ҷавобгарӣ мекашанд, зиндон менамоянду аз кор меронанд ва чанд лаҳза бо мақсади резондани обрӯяш менависанду реклом мекунанд, ки гўиё барои дигарон дарси ибрат бошад. Ин мутлақо таҷрибаи нодуруст мебошад. Пеш аз ҳама бояд бо ҷиноят мубориза бурд, ки он содир нашавад ва имкони пешгирии он бошад. Он вақт ҳам инсони комил тарбия меёбаду ҳам давлат рушд мекунад. Барои ин пеш аз ҳама сиёсати иҷтимоӣ таъмин бошад, шароити кор ва музди меҳнати арзанда, ки ҷавобгӯи моликияти зеҳнии ҳар як шахс бошад. Ӯ судя аст ва ё дигар қишри ҷомеа сараввал ба ӯ музди меҳнат пардохта шавад, ки барои зиндагии ободу осуда кифоя бошад. Шароити хуби зист дошта, аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор бошад. Вақте ки ҳамаи шароитро давлат муҳайё кард, пас метавонад аз шахси мансабдор талаб бикунад, ки ба амалҳои хилофи қонун, аз зумраи ришваситонӣ даст назананд. То он даме, ки инсон нафс дорад ва талаботи ӯро давлат конеъ карда наметавонад, пора мегиранд. Бояд давлат низ масъулияти худро дар назди шахси мансабдор иҷро кунад.

Умед ҶАЙҲОНӢ, таҳлилгар
Ришва мегирифтанд, мегиранд ва хоҳанд гирифт. Бо боздошти ду додрас фасод ҳаргиз решакан намешавад. Ин боздоштҳо ҳеч асару таъсире бар дигар ришваситонҳо намегузоранд. Дур ҳам нест, ки ҳамин боздоштшудаҳо бо ришва додан озод бишаванд.

Қурбона НАСРИДДИНШОЕВНА, гиёҳшинос
Фикри мекунам дуруст аст, ки раисиҷумҳури кишвар чунин додрасҳоро аз мансаб дур карданд. Ба дигарон ин як дарсе мешавад, то ба чунин амалҳо даст назананд. Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қонуни асосии давлатро риоя кунад.

Иззат АМОН, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия
Додрасҳо ҳама вақт ришва мегирифтанд ва дар оянда ҳам хоҳанд гирифт. На танҳо додрасҳо, балки тамоми баданаи ниҳодҳои давлатиро фасод хурда несту нобуд карда аст. Ин аст, ки ҳар куҷо равӣ аз шумо барои анҷом додани коратон пул мепурсанд. Барои он ки додрас ришва нагирад, маоши ӯро бардоштан лозим, ки ҳамон маош ҳадди ақал ба рӯзгораш расад.

Саидмурод ФАРРУХЗОДА, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Системаи идораи давлатӣ то ба ҳамон ҳадде "худмухтор" шудааст (манзурам хизматчиёни давлатие, ки “винтик”-ҳои ин системаанд), ки ҳар як воҳиди масъули он худашро "Худо"медонад. Ин барканории додрасҳо, муддате шояд аз чунин аъмол дигаронро боздорад. Гап сари "нарх" меравад, на тарс. Агар "нархи" шоиста бошад, "винтикҳо" кори худро идома медиҳанд.

Музаффари ИМОМДОД, фаъоли шабакаи “Фейсбук”
То агар моҳҳонаи судяҳоро аз ҳазор доллар боло набардорем, ин масъала ҳалли худро намеёбад. Мегӯянд, ки афроде вазифаро то 30, 40, 50 ҳазор доллар мехаранд ва дар тули як ё ду соли фаъолияти корияшон маблағеро, ки вазифаро харидааанд бояд кор кунанд. Ришвагирӣ ба система табдил ёфтааст, дар хун даромадааст ва барои ҳалли ин, насли наврасро дуруст тарбия кардан лозим.
Мӯҳр
Бо мухтарама Файзинисо Вохидова ,100% хамфикрам...
Ин бо хамагон маълум аст,ки агар ришва надихи ягон мушкилиро бартараф кардан амри махол аст .

Ин додрасхо бо аз кор сабукдуш кардан халос шудан ми? Оё онхоро суд намекунанд? Агар ин хел бошад боз ришвагири зиёд мешавад. Холо ягон муалим ё мухандису духтур мешуд паси панчара мешуданд, лекин афсус ки об аз боло лой аст. Озодагон чаро оиди калонтарин бонк "Агроинвестбонк" ки имруз мардуми кишварро сарсон кардаву бо якдигар даст ба гиребон кардааст ягон чиз наменависе. Чаро дар мо вакто ки холати корхона махсусан бонк ба муфлисшави мерасад, касе ба чавобгари кашида намешавад? Мохо мардум маъош бо сабаби ин бонк маъош гирифта наметавонанд чаро касеро гаме нест. Мехохем ки бонки мили ва вазорати молия ба мардум маълумот диханд ва бо занозанихо барои маъош чи кунем.

Ахмад
Дар Точикистон дар хамаи мкомотхои давлати ришвагири вучуд дорад . Ин амали бадро хамаи мардум медонад,ки мансабдорон хамаашон бо пули ришва зиндагии дабдабанок доранд. То ришвагири хотима наебад , кишвар рушд намекунад ва зиндагии мардум хуб намешавад. Умед ба оянда нест.

Ягона чавобе ки Файзинисо Вохидова доданд маро каноатманд кард. Чаро факат устухони судяхоро мисли саг мехоему боре хам талаб намекунем, ки судя чи ахвол дорад, ое музди мехнаташ мисли дигар раисхо ва вазирхо барои зиндагиаш, хонаю дар, хонондани фарзандонаш кифоя аст? Холо дар бораи ба хорича хонондани фарзандонашон чизе намегуям хатто дохили Ватан бошад хам шукр. Дар асл маоши судя барои сер кардани шиками худаш намересад. Вохидова дуруст кайд карданд ки давлат аввал хамаи шароитхоро мухайе кунаду баъд талаб кунад ки судя пора нагирад.

Ришваситониро пеш аз хама ба кудакон дар мактаб меомузанд. Аз рузи аввали ба мактаб хуччат супоридан, ставкаи директор аз 200 сомони то 100 доллар (дар синфи Руси) сар мешавад, ки агар насупори, ба ту мегуянд, ки чой нест, хама пур шудааст. Баъдан сар мешавад; пули печка, парда, термос, чойнику пиела, телевизору DVD, дастархону мохонаи мактаб, мохонаи рохбари синф. Агар насупори, тамом; фарзандат дар партаи охирон мешинаду аз бахои 3 боло намегирад.

ЙЦУКЕН
Ришвагириро дар Автодром бипурсед, агар ришва надихед муред хам ягон имтихонро намесупоред. Хучаинаш мегуяд ки и корхонаи маяй ва ба ман ягон кас хучаин нест, чи коре ки мехохум мекнм. сум намете права намегре. Ки гурда мекнаю да и макомот тафтишот мекна?

мехмон
Файзинисо Вохидова шафтолуи гапро навиштаанд.

мухочир
ОФАРИН ...Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос БИСЁР ХАКА ГАП ЗАДЕД ..ВАКТИ ОН ОМАДААСТ . КАЧ ШИНЕМУ РОСТ ГУЙМ.

раис
Дар 5-6 соли охир " дарахти" ришваситониву ришвадиҳӣ дар иклими сарду хунук ва мухити танги ВМКБ. бахусус шахри Хоруг низ бо шарофати "устодони варзидаи ин соха", мутобик шудаву аз хосилдихии зиёдаш хама пинхони гап мезананд. Лекин рузе решакан кардани ин дарахт сар мешавад.

Як чура дорум судя кор мекна 4 кудаги мактабхон дора, сум надора ки ба кудагош форми мактаби бхрад 1000 сумуш додум мега и карза метонуд да 2-3 мох битяд значи хама судяхо порхур нестан хаст бавичдонуш худуш груснаяй так што Файзинисо Вохидова хака гуфтай охи судяки кара мнодиш я маоши хушру бтиянша ки судя мисли гадо набоша

Рости пас аз таини Рустами Эмомали ба ин мансаб мубориза бо порахурхо то андозае бехтар шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)